Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар размоиши "Нерушимое братство"


Тоҷикистонро дар дуввумин размоиши муштараки неруҳои посдори Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ, дар вилояти Челябински Русия, як взводи махсуси қушунҳоли зудамали вазорати дифоъ намояндагӣ мекунад. Фарҳод Ибодуллоев, муовини сардори дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 8-уми октябр дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки "низомиёни тоҷик дар размоиши "Нерушимое братство", ки дар тамрингоҳи "Чебаркул" - и вилояти Челябинск оғоз шудааст, зери раҳбарии генерал Бахтиёр Рузмоншоев, муовини сардори ситоди неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат доранд."

Ин масъули вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни размоиш маҳорату малакаи нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дар заминаи ҳизи рузмараи суботу оромӣ ва ҳамчунин мудирияти ҳайати неруҳои посдор ба намоиш гузошта мешавад.
Ба ин тартиб дар ин размоиш бар иловаи низомиёни тоҷик, неруҳои мусаллаҳи Қазоқистону Қирғизистон, Арманистону Булорус ва Русия ширкат мекунанд, ки шумораи умуми ширкатдорон беш аз 2, 5 ҳазор низомӣ буда ва аз 500 адад техникаву таҷҳизоти низомӣ истифода хоҳад шуд. Марҳалалаи ниҳоии ин размоиш ба таърихи 10 октябр сурат мегирад, ки интизор меравад, ки ҳайтаи раҳбарии СПАД ва мақомоти низомии кишварҳои узви ин созмон ширкат хоҳанд кард.

СПАД 15-уми майи соли 1992 ташкил шуда буд ва соли 2012 бистумин солгарди худро баргузор кард. Ҳоло баъд аз хуруҷи Узбакистон дар соли 2011 дар созмон 6 кишвар -- Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон узвият доранд.
XS
SM
MD
LG