Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Исмоилияи Миср рӯзи душанбе панҷ низомӣ кушта шуданд. Ба иттилои мақомои маҳаллӣ, афроди ношинос дар канори постгоҳ мошинеро, ки дар он низомиён нишаста буданд, тирборон карданд. Дар шаҳри Ал-Тур, воқеъ дар нимҷазираи Синой, ҳангоми инфиҷори бомб дар канори бинои раёсати нерӯҳои амниятӣ ҳам панҷ нафар кушта ва тақрибан 50 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, як рӯз пеш дар Миср бар асари бархӯрдҳо миёни полис ва ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ 51 нафар ҷон бохтанд. Фақат дар шаҳри Қоҳира, дар ҷараёни ҷилавгирӣ аз вуруди эътирозгарон ба майдони Таҳрир 40 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар он лаҳзаҳо дар майдон пуштибонҳои ҳукумати феълӣ ба муносибати 40-умин солгарди ҷанги арабҳову исроилиҳо ҷамъ омада буданд.

Вазорати умури дохилии Миср хабар дод, ки дар шаҳрҳои гуногуни кишвар беш аз чаҳорсад тан аз ҷонибдорони Мурсӣ боздошт шудаанд.

Баъди аз сӯи низомиён аз мақом барканор шудани Муҳаммад Мурсӣ дар ду моҳи пеш Миср ба гирдобу хушунату хунрезӣ печид ва ин боиси марги садҳо сокинони кишвар шуд. Хунрезии ахир – идомаи низоъ миёни ҷонибдорони ҳукумати дунёвӣ ва исломӣ дар Миср маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG