Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои "хушбахт"-и низоми бераводид


Як раддабандии кишварҳо дар бораи низоми раводид нишон додаст, ки сокинони давлатҳои аврупоӣ ба бисёре аз кишварҳо бидуни раводид рафтуомад мекунанд.

Тибқи раддабандии ширкати сайёҳии TicetsUA, шаҳрвандони Финландия, Шветсия ва Бритониёи Кабир, ки метавонанд ба 173 кишвари ҷаҳон бидуни раводид рафтуо кунанд, дар ин раддабандӣ зинаҳои аввалро ишғол мекунанд.

Масъулони ин ширкати сайёҳӣ гуфтаанд, дар раванди ҷаҳонишавӣ низоми раводид барои танзим намудани убуру мурури марзии шаҳрвандони хориҷӣ нақши муассир мебозад. Вале низоми бераводидӣ имконият медиҳад, ки шаҳрвандони ин кишварҳо бештар сафарҳои хориҷӣ кунанд.

Дар мақоми баъдии ин рӯйхат давлатҳои Дания, Олмон, Люксембург ва ИМА қарор доранд, ки бо 172 давлат низоми бидуни раводид доштаанд. Кишварҳои аврупоии Белгия, Италия ва Ҳолланд бо 171 давлат ва Австралия бо 167 давлат бе гирифтани раводид рафтуомад мекунанд.

Аммо Афғонистон, ки шаҳрвандонаш танҳо ба 28 кишвар ҳаққи сафари бидуни раводид доранд, дар ин раддабандӣ аз ҳама поён меояд. Шаҳрвандони Ироқ метавонанд ба 31 давлат, мардуми кишвари африқоии Сомалӣ ва покистониҳо ба 32 ва фаластиниҳо метавонанд ба 36 давлат бе раводид равуо кунанд.

Коршиносон мегӯянд низоми бераводид имкон медиҳанд, ки мардум бештар сафар кунад ва ба истилоҳ ҷаҳондида шаванд.

Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон нест, вагран метавонист "бомуваффақият" яке аз зинаҳои пойинтаринашро ба худ ихтисос диҳад. Шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо ҳам ба чанд кишвари маъдуд метавонанд бидуни раводид сафар кунанд. Таҳлилгарон мегӯянд, маҳдуд будани ингуна имтиёз сабаб шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон хеле кам ба сафарҳои сайёҳӣ мераванд. Низоми раводид ҳатто боис шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд сари вақт ба дидорбинии хешу табори худ ба кишварҳои ҳамсоя, хусусан Узбакистону Афғонистон раванд. Далели дигар мушкил будани худи гирифтани виза аст, зеро бисёре аз кишварҳои дунё дар Душанбе сафорату консулгарӣ надоранд. Мардум дар ин сурат маҷбур аст ба наздиктарин сафорати он кишвар муроҷиат кунад. Вале маъмулан ин сафоратҳо дар Тошканд, пойтахти Узбакистон ҷойгир шудаанд ва гирифтани виза барои сафар ба Узбакистон худ як дарди сари дигар аст, ки бисёре аз атбоъи тоҷикро аз азми сафар мегардонад.

Таҳлилгарон мегӯянд, шаҳрвандони Тоҷикистон аз имконияти низоми бе раводид бештар барио сафар ба Русияву Туркия ва Қазоқистон истифода мекунанд. Маҳз ба далели низоми бидуни аводид аксари аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд. Аммо ба Туркия аз Тоҷикистон бештар барои истироҳату тамошо ё тиҷорат сафар мекунанд.
XS
SM
MD
LG