Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳаводиси Миср 51 нафар ба ҳалокат расиданд


Дар Миср дасти кам 51 нафар бар асари бархӯрдҳо миёни полис ва ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ ҷон бохтанд. Ба иттилои хабаргузориҳо, фақат дар шаҳри Қоҳира, дар ҷараёни ҷилавгирӣ аз вуруди эътирозгарон ба майдони Таҳрир 40 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар он лаҳзаҳо дар майдон пуштибонҳои ҳукумати феълӣ ба муносибати 40-умин солгарди ҷанги арабҳову исроилиҳо ҷамъ омада буданд.

Вазорати умури дохилии Миср хабар дод, ки дар шаҳрҳои гуногуни кишвар беш аз чаҳорсад тан аз ҷонибдорони Мурсӣ боздошт шудаанд.

Баъди аз сӯи низомиён аз мақом барканор шудани Муҳаммад Мурсӣ, барандаи нахустин интихоботи демократӣ дар Миср, бар асари задухӯрдҳо садҳо нафар кушта шуданд. Хунрезии ахир – идомаи низоъ миёни ҷонибдорони ҳукумати дунёвӣ ва исломӣ дар Миср маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG