Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни амрикоӣ ал-Либиро боздошт карданд


Манбаъҳо дар хадамоти кашфи Либия тафсилоти аз сӯи нерӯҳои зудамали амрикоӣ боздошт шудани яке аз фармондеҳони наздик ба “Ал-Қоида” Нозеҳ Абдул Ҳамид ал-Руқаиро, ки бештар чун Абуанос ал-Либӣ маъруф аст, ошкор карданд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоле, ки Либӣ баъд аз намози бомдод ба манзилаш дар канори шаҳри Троблус бармегашт, даҳҳо нафари ниқобпӯш мошинашро иҳота карда, шишаҳои онро шикастанд. Ал-Либӣ ғофилгир шуд ва барои ба даст гирифтани силоҳ фурсат наёфт.

Дар бораи боздошти ал-Либӣ дар канори пойтахти Либия хабаргузориҳо дирӯз иттилоъ доданд. Абуанос ал-Либӣ дар чанд ҷинояти сангин, аз ҷумла, дар ташкили инфиҷорҳо дар сафоратҳои Амрико дар Танзания ва Кения дар 15 соли пеш гумонбар мешавад. Бар асари он ҳамлаҳои террористӣ 224 нафар ҷон бохта буданд. Ба иттилои намояндаи вазорати дифои ИМА, амалиёти боздошти Ал-Либӣ рӯзи шанбе доир карда шуд.

Аз ин пеш додгоҳи федеролӣ дар шаҳри Ню-Йорк Ал-Либиро дар терроризм муттаҳам кард. Бюрои федеролии тафтишоти ИМА барои боздошти ӯ панҷ миллион доллар ҷоиза таъин карда буд.

Пентагон хабари боздошти ал-Либиро тайид кард ва гуфт, ки ӯ дар ҷойи бехатар берун аз қаламрави Либия қарор дорад.
XS
SM
MD
LG