Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор нафар аз панҷ қаиқрони амрикоӣ, ки дар шарқи Тоҷикистон нопадид шуда буданд, ба сафари худ идома медиҳанд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз ширкати Global Rescue, ки дар амалиёти наҷоти ин қаиқронҳо ширкат кардааст, хабар дод. Дар як номаи катбии Global Rescue, ки ба Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, ки як нафар аз ин қаиқронҳо бо номи Бен Лак, ҳамакнун дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе қарор дорад ва баъд аз барқарории саломатиаш бо ҳамсафаронаш хоҳад пайваст.

Ин ширкати имдодрасони амрикоӣ мегӯяд, дар амалиёти ҷӯстуҷӯи панҷ қаиқрони ин кишвар да кӯҳистони шарқи Тоҷикистон кӯмак кардааст. Ин ширкат, ки дар ҳолатҳои бӯҳронӣ ба шарикони худ ва ҳукуматҳо кӯмак мерасонад, дар як посухи катбӣ Радиои Озодӣ роҷеъ ба қазияи панҷ қаиқрони амрикоӣ, ки чанд рӯз дар Бадахшони Тоҷикистон нопадид шуда буданд, посух дод. Дар посухи Global Rescue ба Радиои Озодӣ омадааст, ки онҳо ин панҷ қаиқронро, ки рӯзи 30-юми сентябри нопадид шуда буданд, дар таърихи 30-юми пайдо карданд.

Ба пояи посухи ин ширкат, ҳамчунин як узви Global Rescue бо номи Бенямин Лак ба таври муваффақона худро ба пойтахти Тоҷикистон расонд ва ба қаиқронҳо кӯмаки тиббӣ расондааст. Ин амалиёти наҷотдиҳиро Global Rescue дар ҳамоҳангӣ бо марказҳои худ дар Бостон, Бейрут ва Бангкок анҷом додааст.

Ин ширкат мегӯяд, амалиёти наҷоти ин қаиқронҳо дар ҳамоҳангӣ бо вазорати умури хориҷии Амрико, сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон, ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

5 қаиқрони амрикоӣ аз 30 сентябр нопадид шуда, мақомоти изтирории Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи онҳо амалиёти густардаеро дар кӯҳистони Бадахшон роҳандозӣ карданд. Сайёҳони амрикоӣ гуфтаанд, ба далели хароб шудани таҷҳизот натавонистаанд тайи се рӯз бо касе робита карда, аз худ дарак диҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG