Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либия аз Амрико хост, ки барои амалиёти низомӣ тавзеҳот диҳад


Либия мегӯяд, ки аз мақомоти Амрико хостааст, то сабабҳои амалиёти низомӣ дар Троблусро, ки барои боздошти марде анҷом додаанд, рӯшан кунанд. Ин мард барои бамгузории 15 соли пеш дар сафоратхонаҳои Амрико дар кишварҳои африқоӣ ҷустуҷӯ мешуд.

Дар эъломияе, ки ҳукумати Либия ба нашр расонд, омадааст, “шаҳрвандони Либия мехоҳанд, ки ҳамватанони онҳо дар кишвари худашон ба додгоҳ кашонда шаванд, бидуни дарназардошти он, ки дар чӣ сатҳе бар зидди онҳо ҷурм эълон мешавад”.
Ҳукумат дар эъломияи худ ҳамчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки ин рӯйдод ба “ҳамкориҳои стратегӣ бо Амрико халал ворид нахоҳад кард”.

Эъломия дар ҳоле пахш мешавад, ки чанд рӯз пеш нируҳои Амрико Нозиҳ Абдулҳамид ал Руқаӣ-раҳбари Ал Қоидаро боздошт карданд. Вай барои бамгузориҳои соли 1998 дар сафоратхонаҳои Амрико дар Кенияву Танзания муттаҳам дониста мешуд. Дар ин бамгузориҳо 224 нафар кушта шуда буданд.
XS
SM
MD
LG