Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машъали Бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ ба Маскав расид


6 октябр машъали Бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ ба Маскав расид. Ин бозиҳо моҳи феврали соли 2014 дар шаҳри Сочии Русия оғоз меёбад.

Ҳавопаймои ҳомили машъали олимпӣ дар фурудгоҳи Внуково-3-и Маскав фуруд омад ва машъал аз он ҷо ба Майдони Сурх интиқол дода шуд.

Бо оташи ин машъал машъалҳои дигарро рӯшан карданд ва онро дар Кохи Кремл давр доданд. Бардоштан ва интиқоли машъал то расидан ба нуқтаи ниҳоӣ 123 рӯз давом мекунад ва он аз 2900 маҳали аҳолинишин мегузарад.
XS
SM
MD
LG