Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон сабти номи номзадҳо ба поён расид


Рӯзи якшанбе сабти номи довталабон ба мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба поён расид. Дар феҳристи ононе, ки сабти ном шудаанд, 16 нафар намояндагони саршиноси пешини ҳукумат, раҳбарони минтақавӣ ва қабоил, ҷангсолорон ва ҳамчунин технократҳое ҳастанд, ки дар Ғарб таҳсил кардаанд.

Дар миёни номзадҳои аслӣ доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ-вазири пешини корҳои хориҷӣ, Ашраф Ғанӣ-вазири пешини молӣ ва Раҳим Вардак-вазири пешини дифоъ ҳастанд.

Қаюм Карзай-бародари Ҳомид Карзай ва Залмай Расул-вазири дигари корҳои хориҷӣ низ сабти ном шуданд. Дар миёни номзадҳо Абдулраб Расул Сайёф-раҳбари салафиёни Афғонистон ва Гул Оқо Шерзай-волии пешини вилояти Нангарҳор низ ҳастанд.

Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон феҳристи ниҳоии номзадҳоро 16 ноябр чоп хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG