Пайвандҳои дастрасӣ

Малоларо ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешниҳод кардаанд


Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай-шогирди 16 солаи мактаб ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешниҳод шудааст. Малола аз як сӯиқасди Толибон ҷон ба саломат бурда буд. Моҳи октябри соли 2012 вақте, ки вай дар водии Своти Покистон ба мактаб мерафт, Толибон дар роҳ ба мактаб ба сари вай тир холӣ карданд. Вале вайро пизишкон наҷот доданд. Ҳоло вай чун фаъоли омӯзишу парвариши ҷавонон яке аз довталабони аслии ҷоизаи сулҳи Нобел мебошад.

Аз рӯзи душанбе эълони барандагони ҷоизаи сулҳи Нобел дар Стокголм оғоз меёбад.

Дар гузорише, ки рӯзи якшанбе ба нашр расид, Кристиан Берг Ҳарпвикен-раиси пажуҳишгоҳи сулҳи Осло мегӯяд, “Малола Юсуфзай дар садри феҳрист қарор дорад”, зеро соли гузашта додани ҷоиза ба Иттиҳодияи Аврупо дар баъзе бахшҳо суолҳоеро пеш оварда буд.

Малола то ҳол барандаи чанд ҷоизаи дигари байналмиллалӣ низ шудааст.
XS
SM
MD
LG