Пайвандҳои дастрасӣ

КМИР: Дар хориҷ камтар аз як миллион райдиҳанда ҳаст


Кумиссиюни марказии интихобот ва райпурсиии Тоҷикистон 5 октябр эълон кард, ки шумораи муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд ва ҳақи ширкат дар райдиҳиро доранд, камтар аз як миллион нафарро ташкил медиҳад.

Ин кумиссиюн гуфтааст, ақидаҳо дар бораи мавҷудияти бештар аз 1,5 миллион анфар райдиҳанда дар хориҷи кишвар ба воқеият дуруст намеояд.
Кумиссиюни марказӣ ин оморро бар асоси маълумоте нашр кардааст, ки раҳбарони маҳаллӣ аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар бораи шумораи муҳоҷирони тоҷик аз маҳаллоти худ фиристодаанд.

Бино ба маълумоти кумиссиюн, ҳоло дар Тоҷикистон 4 миллиону 25 ҳазор райдиҳанда вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG