Пайвандҳои дастрасӣ

Бобак Занҷонӣ ва шустушӯи пулҳои нафт дар Тоҷикистон


Бобак Занҷонӣ - яке аз сармоягузорони саховатманд дар Тоҷикистон эътироф кардааст, ки вай чанд сол ба шустушӯи пулҳои нафти Эрон машғул будааст.

Дар ин бора торнамои EurasiaNet.org эътирофоти вайро ба нашр расондааст.
Рӯзномаи “New York Times” бо такя ба мусоҳибаи Занҷонӣ бо ҳафтаномаи “Осмон” гузориш додааст, ки ин соҳибкор дар хонааш зери фишор эътироф кардааст, ки то ҳол бо чӣ корҳо машғул будааст.

Занҷонӣ, ки дар оғоз аз ин мусоҳиба саркашӣ карда буд, ҳоло эътроф кардааст, ки аз соли 2010 ба ин сӯ бо истифода аз торнамоҳои 64 ширкат дар Эрону Туркия ва Малайзия миллионҳо бушка нафти Эронро ба фурӯш расондааст ва барои Вазорати нафти Эрон, Горди Инқилоб ва бонки марказии ин кишвар 17,5 миллиард доллар даромад овардааст, пуле, ки барои табодули пули миллии Эрон хеле зарур будааст.
Вай дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Осмон” гуфтааст, “захираи пули бонки марказӣ дар ҳоли тамомшавӣ буд ва онҳо дар соли 2010 аз ман хостанд, ки пули нафташонро ба Эрон интиқол диҳам, то онҳо онро барои низом истифода кунанд. Ман ҳамин тавр кардам”. Вай бо истифода аз вожаи “онҳо” мақомоти сиёсии Эронро дар назар дорад. Вай мегӯяд, ки амалиёти анҷомдодаи вай хилофи таҳримҳои ғарб бар зидди нафти Эрон буд, вале вай як соҳибкор аст, ки кори худро хуб анҷом додааст. Ба гуфтаи Занҷонӣ, аз замоне, ки ҳисобҳои бонкии вайро бастаанд ва фаъолиятҳои вайро таҳрим кардаанд, Эрон натавонистааст ҳатто 3 миллион бушка нафти худро ба фурӯш расонад.

Вазорати молии Амрико ҳисобҳои бонкии Занҷониро дар аввалҳои соли ҷорӣ баст ва эълон кард, ки ин соҳибкор бо вуҷуди таҳримҳои байналмиллалӣ бар зидди нафти Эрон ба ин кишвар кӯмак мекунад,то нафти худро ба фурӯш расонад.

Дар ин мақола омадааст, ки зоҳиран Занҷонӣ бо Тоҷикистон робитаи хуб дорад. Вай бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кардааст ва гувоҳи он акси онҳост, ки бино ба гузориши мазкур дар матбуот ба нашр расида буд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими гушоиши вокзали автобусҳои мусофирбар дар Душанбе дар аввали соли ҷорӣ ширкат дошт. Ин вокзал бо сармояи Бобаки Занҷонӣ сохта шудааст.

Дар мақолаи дигаре, ки моҳи август ба нашр расида буд, гуфта мешавад, ки чунин бархӯрди мақомоти Тоҷикистон нишонгари он аст, ки онҳо аз таҳримҳои зидди Занҷонӣ чашмпӯшӣ мекунанд.

Моҳи августи соли ҷорӣ низ ин торнамо дар бораи ампротурии фаромиллӣ ва молии ин соҳибкори Эронӣ дар Тоҷикистон матлабе ба нашр расонда буд. Чунин ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон кам касоне бо Бобаки Занҷонӣ ошноӣ доранд.

Масалан, Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон 23 июли соли ҷорӣ ба матбуот гуфта буд, ки вай дар бораи Занҷонӣ ва таҳримҳои Амрико бар зидди Kont Investment Bank чизе намедонад. Бо вуҷуди ин, мақомоти аршади Ғарб аз робитаи Занҷонӣ бо раҳбарияти Тоҷикистон нигаронанд ва хавотиранд, ки Душанбе ба унвони як нуқтаи шустушӯи пул хидмат мекунад.Дар мақола аз қавли як мақоми аршади Ғарб омадааст, “Мо бовар дорем, ки Тоҷикистон ба унвони манбаи шустушӯи пулҳои нафти Эрон истифода мешавад”.

Рӯзномаи “New York Times” дар идомаи гузориши худ навиштааст, ки ҳоло ҳукумати нави Эрон низ аз фаъолиятҳои Бобаки Занҷонӣ нигарон мебошад. Онҳо шак доранд, ки Занҷонӣ бо доираҳои наздик ба Маҳмуди Аҳмадинежод- раиси ҷумҳури пешин ҳамкорӣ доштааст. Аз ҷумла онҳо моҳи гузашта Занҷониро муттаҳам кардаанд, ки вай 1,9 миллиард доллар даромади нафтро ба Эрон пардохт накардааст ва порламони ин кишвар ба расидагии ин масъала оғоз кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG