Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати муҳандисиии Boston Dynamics-и Амрико, ки ба сохтани роботҳо машғул аст ахиран роботеро омода кардаанд, ки ба асп ё дигар чорпои саворӣ монандӣ дорад ва таваҷӯҳи садҳо ҳазор одамонро ба худ ҷалб кардааст.

Ҳарчанд аз ин робот WildCat ё худ "Гурбаи ваҳшӣ" ном бурда мешавад, вале бо имкониятҳои доштааш ба чорпоёни саворӣ бештар монанд аст.

Дар давоми ду рӯзе, ки навори озмоишии ин роботро дар шабакаи Ютуб гузоштанд, бинадагонаш аз марзи дувним имллион гузашт. Аз рӯзи 3-юми октябр то 5-уми октябр ин наворро истифодабарандагони интернет 2 596 811 маротиба дидаанд ва 12 183 нафар онро писандидаанд.

WildCat, як роботе барои тездавӣ ҳоло дар озмоиш аст. Гуфта мешавад суръати ҳаракати ин робот наздики 16 мил дар як соат аст. Ҳамчунин бо барномаи DARPA's M3 муҷаҳаз карда шудааст. Мутасадиёни ин ширкат гуфтаанд, дар оянда Гӯрбаи ваҳширо бояд ба шароити ҳамагуна замин тобовар кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG