Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ихтилофи назар дар мавриди талафоти амалиёти ҳавоӣ


Мақомоти расмии Афғонистон ва НАТО дар бораи кушта шудани 5 сокини вилояти Нангарҳор дар ҳамлаи ҳавоии шоми рӯзи ҷумъа ихтилофи назар доранд. Рӯзи шанбе Ҳазрат Ҳасан Машриқивол-сухангӯи пулиси вилоят гуфт, ки ин панҷ нафар гурӯҳи дӯстони аз 12 то 20 сола дар минтақаи Сарача чанд километр дурдар аз шаҳри Ҷалолобод ба шикори паррандаҳо машғул будаанд.

Аммо нируҳои эътилоф мегӯянд, ки онҳо дар ҷараёни амалиёти ҳавоӣ дар наздикии фурудгоҳ шӯришиёнро мавриди ҳадаф қарор додаанд. Ин фурудгоҳро нируҳои НАТО истифода мекунанд. Дар гузоришҳои ибтидоии онҳо дар бораи куштори сокинони чизе гуфта нашудааст.
XS
SM
MD
LG