Пайвандҳои дастрасӣ

Малола Юсуфзай барандаи ҷизаи Политковская шуд


Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай-шогирди 16 солаи мактаб, ки аз як суиқасди Толибони Покистон дар моҳи октябри соли 2012 ҷон ба саломат бурд, ба ҷоизаи Анна Политковская-рӯзноманигори кушташудаи Русия ноил омад. Дар водии Своти Покистон вақте, ки Малола дар роҳ ба сӯи мактаб буд, Толибон ба сари вай тир холӣ карданд ва вай муъҷизаосо зинда монд ва муолиҷа гирифт. Рӯзи ҷумъа вайро барандаи ҷоизаи Политковская эълон карданд.

Маросими тақдими ин ҷоиза дар Лондон баргузор шуд ва онро Николас Винстони 104 сола ба Малола тақдим кард. Винстон шахсиятест, ки дар солҳои ҷанги нозиён садҳо нафар кӯдакони яҳудиро дар Чехословакия наҷот додааст.

Малола дар Бирмингем таҳсили худро давом медиҳад. Вай барои муолиҷаи тӯлонӣ як ҷо бо хонаводааш ба ин шаҳр кӯч бастаанд. То ҳол вай чанд амали ҷарроҳиро паси сар кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG