Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун аз ташдиди нооромӣ дар Миср изҳори нигаронӣ кард


Бан Ки Мун

Бан Ки Мун

Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ аз ташдиди нооромиҳо дар Миср, аз ҷумла аз задухрдҳои маргбор дар Қоҳира изҳори нигаронӣ кард. Ин суханони вай дар ҳоле садо медиҳад, ки дар Қоҳира дар задухурди ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури барканоршуда бо нируҳои амнятӣ 4 нафар кушта шудаанд.

Задухурд замоне рух дод, ки садҳо нафар ҷонибдорони Мурсӣ мехостанд дар ҷараёни “тазоҳуроти сулҳомез” дар майдони Таҳрири Қоҳира гиридиҳам оянд. Ду тазоҳуроти дигар дар Қоҳира баргузор шуд ва тазоҳуроти назди масҷиди шаҳрӣ дар Рабо Адовия яке аз онҳо буд. Моҳи август дар ин ҷо тазоҳуроти ҷонибдорони Мурсӣ пароканда карда шуда буд.
XS
SM
MD
LG