Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фиристодагони Аврупо хостанд, ки Тимошенкоро афв кунанд


Тимошенко ва вакили мудофеаш (акс аз бойгонӣ)

Тимошенко ва вакили мудофеаш (акс аз бойгонӣ)

Ду нафар фиристодагони Иттиҳодияи Аврупо аз Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина хостаанд, ки Юлия Тимошеенко-нахуствазири пешини ин кишварро, ки ҳоло дар зиндон ба сар мебарад, афв кунад.

Серҳий Власенко-вакили мудофеи хонум Тимошенко рӯзи ҷумъа дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Пат Кокс-раиси пешини Порламони Аврупо ва Александр Квашневский-раиси ҷумҳури пешини Полша дар мулоқоти рӯзи ҷумъа аз Янукович хостаанд, ки Тимошенкоро афв кунад.

Ин ду фиристода рӯзи панҷшанбе дар зиндони шаҳри Харков бо хонум Тимошенко низ мулоқот доштаанд. Власенко ҳамчунин гуфт, Тимошенко барои муолиҷаи дарди тахтапушти худ дар Олмон ризоят додааст.

Тимошенко соли 2011 барои иттиҳоме дар имзои қарордоди газ бо Русия дар соли 2009 барои 7 сол маҳкум ба зиндон шуда буд.
XS
SM
MD
LG