Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати се шаҳрванди Тоҷикистон дар сӯхторе дар Красногорск


Шаби 4-ум ба 5-уми октябр дар маҳаллаи Илинское-Усовои ноҳияи Красногорски вилояти Маскав дар сӯхторе 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.

Тавре дар Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ин сӯхтор дар вагоне дар назди сохтмони як бино рух додааст ва муҳоҷирони тоҷик дар он зиндагӣ мекардаанд.

Мақомот мегӯяд, хабари сӯхторро ба идораи сухторнишонӣ баъд аз нимашаб расондаанд. Кормандони сӯхторнишонӣ замоне ба маҳали ҳодиса ҳозир шудаанд, ки вагон сӯхта буд.

Дар ин сӯхтор ду нафари дигар ҳам ҷароҳат бардоштаанд ва дар беморхонаи ноҳияи Красногорск бистарӣ шудаанд.

То ҳол номи афоди ҳалокшуда эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG