Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори тоҷик дар дави байналмилалӣ севум шуд


Давлаталӣ Шамсов.
Давлаталӣ Шамсов.

Давлаталӣ Шамсов, хабарнигори ТВ «Хатлон», дар дави байналмилалии кайҳонӣ мақоми севумро касб кард.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри кайҳоннавардон - Королёво бо ширкати беш аз 1500 даванда (мардону занон) аз манотиқи мухталифи Русия, инчунин, Беларус, Инглистон, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Юнон баргузор шуд.

Давлаталӣ Шамсов танҳо варзишгарест, ки чанд соли ахир Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи анъанавӣ намояндагӣ мекунад. Вай ин дафъа дар гурӯҳи давандаҳои синнашон аз 60-сола боло миёни 450 нафар баъди ду даванда аз Маскав севумин шуда ба марра расид. Давлаталӣ масофаи 10 километрро дар муддати 59 дақиқаю 04 сония тай карда, бо медали биринҷӣ ва тӯҳфаи хотиравӣ мукофотонида шуд.
XS
SM
MD
LG