Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брюссел ба ҳалли қазияи киштии Гринпис хушбин аст


Иттиҳодияи Аврупо умедвор аст, қазияи киштии "Арктик Санрайз" ва сарнишинҳояш, ки шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳодияанд, ба зудӣ ҳаллу фасл мешавад. Дар ин бора ба “Интерфакс” рӯзи ҷумъа дар намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Маскав хабар доданд. Брюссел хостори он шудааст, ки Маскав ба фаъолони боздоштшудаи Гринпис барои дарёфти кӯмаки зарурии ҳуқуқӣ ва консулӣ иҷоза диҳад.

Киштии “Арктик Санрайз” рӯзи 19 сентбяр дар баҳри Печора барои талоши эътироз алайҳи истихроҷи нафт дар платформаи "Приразломная" боздошт шуда буд. Дар киштӣ 30 нафар – 28 тан аз фаъолони Greenpeace ва ду хабарнигор Денис Синяков аз Русия ва Кирон Брайан аз Бритониё ҳузур доштанд.

Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 3 октябр хабар дод, ки ҳама сарнишинҳои киштии Гринпис «Арктик Санрайз» дар роҳзании дарёӣ айбдор шуданд. Иттиҳоми роҳзании дарёӣ аз сӯи гурӯҳи муташаккил, бар пояи қавонини ҷиноии Русия, аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодиро ба думбол дорад. Айбдоршавандаҳо гуноҳи худро ба гардан нагирифтанд ва аз додани баёнот сарпечӣ кардаанд.

Рӯзи ҷумъа Франс Тиммерманс, вазири умури хориҷии Ҳолланд, гуфт, кишвараш Русияро бар пояи Конвенсияи СММ дар Бораи Қонунҳои Баҳрӣ ба додгоҳ мекашад, зеро мақомоти Русия, киштии Гринписро ки зери парчами Ҳолланд буд, ғайриқонунӣ боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG