Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА қазияи чемпионати ҷаҳон дар Қатарро баррасӣ мекунад


Зепп Блатер
Зепп Блатер
ФИФА, Федератсияи байнулмилалии футбол: барои омӯзиши имкони фасли зимистон баргузор кардани чемпионати ҷаҳон дар соли 2022 дар Қатар гурӯҳи вижаеро таъсис дод. Гуфта мешавад, ки тобистон, вақте ҳаво дар Халиҷи Форс метафсад, баргузор кардани бозиҳои футбол тақрибан номумкин аст. Раиси ФИФА Зепп Блаттер рӯзи ҷумъа гуфт, ки дар мавриди кай баргузор кардани чемпионат дар Қатар то баргузории чемпионати ҷаҳони соли 2014 дар Бразилия тасмиме гирифта нахоҳад шуд.

Дар фасли зимистон баргузор кардани чемпионати соли 2022 – пешниҳоди мақомоти Қатар аст, аммо раҳбарони футболи бархе аз кишварҳои аврупоӣ гуфтанд, ки дар он фасл шабакаҳои телевизионӣ ба пахши дигар барномаҳои варзишӣ машғул хоҳанд буд.

ФИФА ҳамчунин мавзӯи нақзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони кориеро, ки дар бунёди майдонҳои футбол ва дигар муассисаҳои варзишии Қатар кор мекунанд, низ баррасӣ кард. Гуфта мешавад, ки ҳангоми бунёди ин майдону варзишгоҳҳо аллакай чанд тан аз коргарон ба ҳалокат расидаанд.

Чемпионати футбол оид ба футбол дар соли 2018 дар Русия баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG