Пайвандҳои дастрасӣ

Қарор буд, рӯз ҷумъа КМИР бо баргузории ҷаласае масъалаи тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳоро баррасӣ намояд, аммо бо далели ҳузур надоштани Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ ин нишаст лағв шудааст.

Ин дар ҳолест, ки то анҷоми муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ҳамагӣ се рӯз боқӣ мондааст, аммо азҳоби сиёсӣ натавонистаанд панҷоҳ дарсади имзоҳои заруриро ҷамъ оваранд. Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин масъала 7-октябр, рӯзи ба анҷом расидани марҳалаи ҷамъоварии имзоҳо ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Рӯзи 3-юми октябр Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) хабар дод, ки тамдид кардани замони мӯҳлати ниҳоии ҷамъоварии имзоҳо чандон аз эҳтимол дур нест. Раҳбари дастгоҳи ин ниҳод Абдуманнон Додоев гуфтааст, ду ҳизби демократ ва коммунист ба КМИРТ муроҷиат кардаанд, ки замони ҷамъоварии имзоҳоро тамдид кунанд ва “имкон дорад, ки онҳо пазируфта шаванд.”



Аммо Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик тамдид шудани мӯҳлати ҷамъоварии имзоҳоро хилофи қонун медонад. Ба назари ӯ, ҳукумат мехоҳад бо ҳар восита баргузории интихоботи демократиро бо иштироки чанд нафар таъмин кунанд ва сатҳи эътирофи президенти интихобшударо таъмин намоянд. Ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, барои расидани ба ин ҳадаф ҳукумат метавонад аз тарзу усулҳое истифода кунад, ки минбаъд саволҳои зиёдеро ба миён орад: «Бо таҷриба аз интихоботи соли 1999 шояд кӯшиш кунанд, дар баробари президенти амалкунанда, ки ягон мушкил дар ҷамъоварии имзо надорад, як-ду нафареро, ки заминаи иҷтимоии устувор надоранд ва миёни мардум маҳбубият надорад, ҳамчун номзади алтернативӣ аз қайд гузаронанд.»

Ин дар ҳолест, ки ИНИТ рӯзи 4 октябр дар як изҳорот бо ишора ба қонуншикании мақомот вазъи интихоботиро хеле бад ва ҳатто хатарзо унвон кард ва хост, ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон таъмин шавад, дар акси ҳол аз ширкат дар интихобот дастт мекашад.

Номзади ИНИТ ва ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова далели пахши ин изҳоротро фазои мушкиле номид, ки мақомот дар раванди ҷамъоварии имзоҳо барои тарафдорони ӯ эҷод кардаан: «Бубинед, дар ҳоле, ки худи аксари мансабдорон чанд зан доранд, онҳо кофта-кофта сардори шуъбаи ҲНИТ-ро дар чандзанӣ муттаҳам мекунанд.»

Ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназарова, бо вуҷуди ин ҳолат, вай тасмим гирифтааст, ки то поёни муҳлати ҷамъоварии имзоҳо дар интихобот ширкат кунад. Аммо тасмими ниҳоии ӯ баъди 7 октябр муайян хоҳад шуд.

То кунун барои ширкат дар ин интихобот 7 номзад - Ойниҳол Бобоназарова аз Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ ва ҳизби наҳзати исломӣ, Исмоил Талбаков - аз ҳизби коммунист, Толиббек Бухориев - аз ҳизби аграрӣ, Саидҷаъфар Исмонов - аз ҳизби демократ, Олим Бобоев - аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров - аз ҳизби сотсиалист ва раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон - аз Иттифоқи ҷавонон ва иттифоқҳои касаба ва рӯзи 4 октябр аз ҷониби ҲХДТ пешбарӣ шудаанд. Ҳар довталаб барои сабти номзадиаш бояд то 7 октябр дастикам 212 000 имзо ҷамъ биорад.
XS
SM
MD
LG