Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад:"Туркия аз кардааш пушаймон мешавад"


Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ба давлати Туркия ҳушдор додааст, ки ҷабри ҳимоят аз шӯришиёнеро хоҳад кашид, ки алайҳи ҳукумати ӯ меҷанганд. Башор Асад дар мусоҳибае бо телевизиони Халқ ТВ-и Туркия, гуфт, “Ин террористҳо дар ояндаи наздик ба Туркия ҳам зарар хоҳанд расонд ва Туркия барои кӯмакаш ба онҳо қимати гароне хоҳад пардохт”. Туркия яке аз пуштибонҳои аслии шӯришиёни Сурия аст. Башор Ассад гуфт, Туркия ба гурӯҳҳои шарики Ал-Қоида кӯмак мекунад, ки дар канори шӯришиён алайҳи ҳукумати ӯ меҷанганд. Анкара ин иддаъоро рад мекунад. Раиси ҷумҳури Сурия ҳамчунин гуфт, шӯришиён қаламрави Туркияро ҳамчун майдоне барои ҳамла ба кишвараш истифода мекунанд. Давлати Туркия мегӯяд, бо вуҷуди посбонии сахти марзҳояш бо Сурия, қодир нест, аз вуруди тундравон ба он кишвар ҷилавгирӣ кунад.
XS
SM
MD
LG