Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ба Русия амр дод ба чеченҳо ҷуброн пардозад


Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар ба ҳукумати Русия амр додааст, ба 13 сокини Чеченистон, ки 18 узви хонаводаи онҳо дар бомборони нерӯҳои давлатӣ дар соли 2000-ум кушта шуданд, 1 миллиону 600 ҳазор доллар ҷуброн бипардозад. Дар ҳукми додгоҳ омадааст, артиши Русия ба хилофи аҳдаш рустои Асланбек Шариповро бомборон кардааст, ҳарчанд ба сокинони русто ваъда додаанд, ки дар сурати набуди размандагони чечен дар русто, онҳо аз ҳаргуна ҳамла эмин хоҳад буд. Ба гуфтаи Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар, бори аввал аст ҳукумати Русия эътироф мекунад, ки банди дуввуми Конвенсияи Аврупоии Ҳуқуқи Башар дар бораи истифодаи нерӯи марговарро поймол кардааст. Маскав ҳоло ҳақ дорад, аз ин ҳукм шикоят кунад. Русия дар миёнаҳои солҳои 90-ум ва аввали соли 2000-ум ду бор дар Чеченистон бар зидди ҷудоихоҳон ҷангидааст.
XS
SM
MD
LG