Пайвандҳои дастрасӣ

Ронандаи фирориро дар назди Кохи Сафед куштанд


Маъмурони пулис дар Вашингтон як занеро куштанд, зимни таъқиби мошинаш хост, аз садди амниятӣ назди Кохи Сафед убур кунад. Таъқиби ин зан, ки бо худ кӯдаки яксола доштааст, аз назди Капитолий бинои порлумони Амрико оғоз ёфт. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки ҳодиса амали террористӣ нест ва кӯдак ҳеҷ осебе надидааст. Дар ин ҳодиса ду маъмури амниятӣ дар назди Кохи Сафед ва назди бинои порлумони Амрико ҷароҳат бардоштаанд. Сабабҳои амалкарди зан ҳанӯз маълум нест ва мақомоти пулис ба далели идомаи тафтишот шарҳи қазия худдорӣ мекунанд. Ҳангоми ин ҳодиса, омаду рафт ба Кохи Сафед ва Капитолий бинои порлумони Амрико барои муддати кӯтоҳе мутаввақиф шуд.
XS
SM
MD
LG