Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама аз сафар ба кишварҳои Осиё даст кашид


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ба далели муттавақиф шудани кори нисфе аз ҳукумат аз сафар ба ду кишвари осиёӣ даст кашидааст. Қарор буд, Барак Обама ҳафтаи оянда аввал ба Индонезия ва сипас барои ширкат дар дар нишасти сарони кишварҳои Шарқи Осиё ба Бруней биравад. Аммо Кохи Сафед бо нашри баёнияе гуфт, ҳайъати амрикоиро дар нишасти мазкур Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷӣ, раҳбарӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи Кохи Сафед, Барак Обама дар Вашингтон мемонад, то бо идомаи фишор ба вакилони ҷумҳурихоҳ онҳоро ба қабули тарҳи буҷаи давлатӣ ва ҳамингуна аз сар гирифтани кори ҳамаи ниҳодҳои ҳукуматӣ моил кунад. Баъди қабул нашудани тарҳи буҷаи ҳукумати Амрико, дар аввали ҳамин ҳафта, кори бахше аз ниҳодҳои давлатиро боздоштанд. Баъди ин мақомоти расмӣ гуфтанд, ки сафари осиёии Обама аз чаҳор кишвар ба ду кишвар кам мекунанд, зеро боздоштани кори ниҳодҳои ҳукуматӣ, ба ҳамоҳанг кардани ин сафар низ таъсир гузоштааст.
XS
SM
MD
LG