Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистону Ҳинд дар муқобили Русияву Чин?


Вузарои умури хориҷии Русия, Чин ва Ҳинд.

Вузарои умури хориҷии Русия, Чин ва Ҳинд.

Ҳиндустон барои шомил шудан ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дархост додааст. Ҳамчунин гуфта мешавад кишвари Покистон ҳам барои шомил шудан ба ин созмон довталаб аст.

Дар вохӯрии вазирони коҳои хориҷии Русияву Ҳиндустон, Сергей Лавров ва Салмон Хуршед, ки рӯзи 3-юми октябр дар Маскав доир шуд, гуфта шудааст, ки Ҳиндустон барои шомили СҲШ шудан омодааст. Ҷониби Маскав аз аъзо шудани ин кишвар ба узвияти ин созмон истиқбол кардааст.

Ҳиндустону Покистон ду кишвари осиёӣ, ки дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой танҳо ҳаққи нозириро доранд, акнун хостори узвияти комилҳуқуқи ин созмон шудаанд. То ҳол шаш кишвар узви ин созмонанд, ки Чину Русия мавқеи меҳвариро доранд. Бо он, ки Чин яке аз ташаббускорони ин созмон аст ва мавқеи худро дар минтақа мустаҳкам кардаасту намехоҳад аз даст бидиҳад, то куҷо ба узвияти СҲШ пайвастани кишварҳое чун Ҳидустону Покистонро ба манфиати худ медонад?

Дар ин масъала аксари коршиносони рус алакай мавқеъи Лавровро ҷонибдорӣ кардаанд. Чунки Сергей Лавров дар мулоқоташ бо ҳамтои ҳиндустонии худ гуфтааст, «чунин дархост қобили қабул аст. Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аз аъзо шудани ин кишварҳо танҳо бурд мекунад.»

Салмон Хуршед, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон гуфтааст, «Ҳиндустон барои аъзои СҲШ шудан таваҷҷӯҳи хосса дорад. Мо барои расидан ба ин мақсад кӯшиш мекунем ва ба дастгирии Русия умед дорем». Ҳиндустон барои аъзои ин созмон шудан худро зери чатри Русия гирифтааст ва интизор меравад Кремлин аз он пуштибонӣ кунад.

Баъзе таҳлилгарон бар он назаранд, ки СҲШ мехоҳад мавқеи худро аз нигоҳи ҳарбӣ мустаҳкам кунад ва тавонад дар муқобили дигар паймонҳои низомӣ истодагарӣ намояд. Аз ин ҷиҳат Чин бо қабули кишварҳои Ҳиндустону Покистон сарпечӣ намекунад. Чунки Ҳиндустону Покистон кишварҳои аз ҷиҳати ҳарбӣ пуриқтидор дар ҷаҳон ба шумор мераванд.

Парвиз Муллоҷонов.

Парвиз Муллоҷонов.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ бар он назар аст, ки ҳам Чин ва ҳам Русия ҷонибдори шомил шудани дигар кишварҳо ба узвияти ин созмонанд. Вай мегӯяд, ин корро танҳо ба хотири баланд кардани нуфузи ин созмон мекунанд.

«Ҳам Чин ва ҳам Русия мехоҳад дигар кишварҳо ҳам шомили ин созмон шаванд то нуфузи созмон дар баробари масалан, НАТО қарор бигирад.», мегӯяд Муллоҷонов.

Ба назари ин таҳлилгари тоҷик, на Русия ва на Ҳиндустон наметавонанд ба нуфузи Чин, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ доранд латма ворид созанд. Парвиз Муллоҷонов бар он бовар аст, ки ҳарчанд Ҳиндустон қудратманд аст, вале аз сабаби дур будан аз ин кишварҳо, имкониятҳояш маҳдудтар аст.

Дар охирин нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ Владимр Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфта буд, ки бояд дигар кишварҳо ҳам ба узвияти ин созмон бипайванданд. Вале гуфта шуд, ки барои қабули кишварҳо эҳтиёткор бошанд ва набояд дар ин роҳ шитоб кунанд.

То ҳол ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой Русияву Чин, Тоҷикистону Қазоқистон ва Узбакистону Қирғизистон шомиланд. Эрону Ҳинд, Афғонистону Муғулистон ва Покистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG