Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 13-уми мусобиқоти лигаи якуми футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Ба иттилои Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, баъди натиҷагирии даври 13-ум дастаҳои “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ ва “Кӯктош+С”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо 23-имтиёзӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор доранд. Тими “Нури Норак”-и шаҳри Норак бо 15 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Натоиҷи бозиҳои даври 13-ум:
“Пахтакор” (Қубодиён) - “Ҳосилот” (Фархор) – 2:1
“Ҳулбук” (Восеъ) – “Нури Норак” (Норак) – 1:3
“Кӯктош+С” (Рӯдакӣ) - РТСУ (Душанбе) – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Сарой-камар» Панҷ 10 7 2 1 28 – 6 23
2. «Кӯктош+С» Рӯдакӣ 10 7 2 1 19 – 11 23
3. «Нури Норак» Норак 9 4 3 2 11 – 10 15
4. Р Т С У Душанбе 9 4 1 4 11 – 12 13
5. «Ҳулбук» Восеъ 10 4 0 6 14 – 22 12
6. «Ҳосилот» Фархор 10 3 1 6 10 – 13 10
7. «Бохтар» Бохтар 10 2 2 6 13 – 17 8
8. «Пахтакор» Қубодиён 10 2 1 7 10 – 25 7

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) – 9 тӯб, Зоир Холматов (“Ҳулбук”) – 7 тӯб, Сайидамир Мирзоев (“Ҳосилот”) - 6 тӯб.
Бозиҳои даври 16-ум
6-уми октябр, якшанбе
Оғози бозиҳо – соати 15:00
“Кӯктош+С” – “Ҳулбук”
“Нури Норак” – “Бохтар”
“Саройкамар” – “Пахтакор”
Бозӣ миёни дастаҳои РТСУ – “Ҳосилот” бинобар ширкати футболбозони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар ҳайати мунтахаби ҷавонони кишвар (U-19) дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё ба мӯҳлати дигар гузаронида шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG