Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Коҳиши озодии Интернет дар саросари ҷаҳон


Созмони Хонаи Озодӣ мегӯяд, ба далели назорати густарда, қонунҳои танзимкунандаи мӯҳтавои Интернет ва боздошти афзояндаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, озодии Интернет дар саросари ҷаҳон таназзул ёфтааст.

Дар гузорише бо номи “Озодӣ дар Интернет”, ки рӯзи 3 октябр нашр шуд, мизони озодии Интернет дар 60 кишварро арзёбӣ кардаанд, вале Тоҷикистон дар ин гузориш нест. Бар асоси ин гузориш, Эрону Куба ва Чин бинобар маҳдуд кардани дастрасӣ ба Интернет ва сензураи муҳтавои он дар мақомҳои ахир қарор доранд.

Адриан Шаҳбозӣ, пажӯҳишгари Хонаи Озодӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, марги як блогнависи эронӣ сабаб шудааст, то Эрон аз назари озодии интернет баҳои бад бигирад: “Воқеан як мавриди кушта шудани як корбари Интернет дар Эрон сабт шуд. Ин қазияи Саттор Биҳиштӣ буд, ки ӯро бо иттиҳоми интиқоди ҳукумат боздошт карданд ва ӯ дар боздоштгоҳи пулис кушта шуд. Ҳамин қазия дар воқеъ сабаб шуд, ки ба Эрон баҳои бад бидиҳанд.“

Ҷумҳурии Белорус, Покистону Узбакистон ҳам дар радифи кишварҳое ҷой гирифтаанд, ки Интернет дар онҳо ноозод хонда шудааст. Интернет дар Озарбойҷону Қазоқистон, Қирғизистону Русияро қисман озод арзёбӣ кардаанд.

Лаура Рид, аз созмони Хонаи Озодӣ мегӯяд, баъзе аз ин кишварҳои шӯравии собиқ соли гузашта, бо қабули қонуну қарорҳое, озодӣ дар Интернет дар қаламравҳои худро маҳдудтар карданд: “Соли гузашта ҳукуматҳои кишварҳои шӯравии собиқ барои маҳдуд кардани мӯҳтавои Интернет як идда қарору муқаррароти иловагии қонунӣ қабул карданд. Дар ин муддат ҳамчунин таъқиби ҷиноии корбарони Интернет дар нисфе аз кишварҳои минтақа, ки мо таҳқиқ кардем, зиёдтар шуд. Масалан дар Русия боздошти корбарон ба як тамоюл табдил шуд. Ба ҳайси намуна, теъдоди корбароне, ки барои фаъолият дар Интернет соли 2011 ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, 31 нафар буд, аммо дар соли 2012 теъдоди онҳо ба 103 нафар расид.“

Ба гуфтаи Хонаи Озодӣ, Русия аст, ки аввал назорати васеъи Интенетро ба роҳ монда ва қонунҳои маҳдудкунандаи озодии онро қабул мекунад ва баъдан кишварҳои дигари шӯравии собиқ ба он пайравӣ мекунанд. Аммо дар ин миён Арманистону Гурҷистон ва Украина аз назари дастрасӣ ба Интернет, кишварҳои озод хонда шудаанд.

Хонаи Озодӣ ба вазъи озодии Интернет дар кишварҳо бар асоси се меъёр аз ҷумла дастрасӣ ба ин шабака, эҷоди маҳдудият дар мӯҳтавои он ва ҳаққи корбарон баҳо гузоштааст. Аз миёни 60 кишвари арзёбишуда, озодии Интернет дар 34 кишвар бадтар шудааст. Бешак метавон гуфт, ки соли гузашта яке аз солҳои бад барои Интернет дар Тоҷикистон буд, зеро мақомот чандин дафъа торнамои Фейсбук ва Ютюб ва чанд саҳифаи хабарии дигарро бастанд ва баъд аз муддате боз карданд.

Ба гуфтаи Фридом Ҳаус соли гузашта теъдоди вебсайтҳои сензурашуда афзуд ва теъдоде аз корбарон дар кишварҳои мухталифро барои навиштаҳояшон дар Интернет азобу шиканҷа дода ва ё куштаанд. Айни замон ба гуфтаи созмони ҳомии ҳуқуқ, озодии Интернет ҳамчунин дар кишварҳои демократӣ таназзул ёфтааст, зеро дар баъзе маворид, ҳукуматҳо хостаанд, бо назардошти масоили амниятӣ, озодии баёнро маҳдуд кунанд.

Хонаи Озодӣ Амрикоро намуна оварда ва гуфтааст, ки назорати корбарони Интернет бар тибқи як барномаи Оҷонси Амнияти Миллии Иёлоти Муттаҳида, боиси таназзули озодии Интернет дар ин кишвар шудааст. Дар гузориш омадааст, ки шеваҳои асосии маҳдуд кардани озодии Интернет, маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабака, филтри он ва рахна кардани вебсайтҳои мунтақидони ҳукуматҳост ва ҳам боздошти корбарону пайгирии фаъолиятҳои мардум дар Интернет.

Созмони Хонаи Озодӣ мегӯяд, се соли пайи ҳам аст, ки озодии дастрасӣ ба Интернет дар саросари ҷаҳон таназзул меёбад, аммо саъйи ҷомеаи маданӣ барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба ин масъала як тамоюли умедворкунанда аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG