Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тирандозӣ дар назди Конгресс амали террористӣ набудааст


Бино ба гузоришҳо, пулиси Вашингтон ба сӯи як ронандаи зан, ки талош доштааст аз монеаҳои амниятӣ дар назди бинои Конгресси Амрико бигзарад тир холӣ кардааст. Ба гуфтаи пулис, ин ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе дар маркази Вашингтон рух додааст ва он амали террористӣ дониста намешавад.

Пулис мегӯяд, ки ин зан ронандаи мошини сиёҳранг будааст ва ҳоло дар боздошт қарор дорад. Дар бораи вазъи саломатии вай чизе гуфта намешавад. Аммо кӯдаке, ки як ҷо бо вай дар мошин будааст, ҷароҳат набардоштааст.

Сабабҳои ин ҳодиса низ рӯшан нашудааст. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ҳангоми таъқиби мошин дар бархӯрди мошинҳо як афсари пулис осеб дидааст.

Ҳам бинои Кохи Сафед ва ҳам бинои Конгресс дар ҷараёни ин ҳодиса зери тадобири шадиди амниятӣ даромад буд ва вуруду хуруҷ мамнуъ эълон шуд. Вале баъд аз ним соат ин тадобирро бекор эълон карданд.
XS
SM
MD
LG