Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Италия барои ғарқшудагон рӯзи мотам эълон карданд


Ҷасади муҳоҷирони ғарқшуда

Ҷасади муҳоҷирони ғарқшуда

Рӯзи панҷшанбе ҳангоме, ки як киштӣ тақрибан 500 нафар муҳоҷиронро интиқол медод, дар обҳои ҷанубии Италия ғарқ шуд. 134 нафар ҷон додаанд ва 200 нафари дигар бедрак шудаанд. Дар гузоришҳои муқаддамотӣ шумораи кушташудагон 94 нафар гуфта мешуд. Вале гурӯҳҳои наҷоти Италия ҷасади 40 нафари дигарро дар зери киштии ғарқшуда пайдо карданд.

Вақте, ки киштӣ дар наздикии ҷазираи Лампедуса дар ҷануби Италия оташ гирифт, бисёре аз мусофирон ба мушкил дучор шудаанд ва худро аз киштӣ ба об андохтаанд.

Бештар аз 150 нафри дигарро наҷот додаанд. Бисёре аз мусофирони киштӣ шаҳрвандони Эритре ва Сомалӣ будаанд. Ҳукумати Италия рӯзи ҷумъаро рӯзи мотам эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG