Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як раҳбари TeliaSonera ба истеъфо рафт


Теро Кивизаари

Теро Кивизаари

Як менеҷери аршади ширкати мухобиротии шведии TeliaSonera дар чаҳорчӯби тафтиши робитаҳои кории ширкат бо шариконаш дар Ӯзбакистон аз мақом сабукдӯш карда шуд. Теро Кивизаари раиси Business Area Mobility Services дар TeliaSenora буд. Дар изҳороти ширкат гуфта шудааст, ки нақши Кивизаари дар масоили марбут ба сармоягузории TeliaSoneraдар Ӯзбакистон ва таваҷҷуҳи расонаҳо ба ин қазия ширктаро аз имкони фаъолияти муносиб дар бозори дохиливу берунӣ маҳрум сохтааст. Теро Кивизаариро дар мақомаш Сверкер Ҳаннервол иваз кард.

Ёдовар мешавем, мудиромили TeliaSonera ҳам моҳи феврали соли равон дар робита бо қазияи ҳамкорӣ бо Ӯзбакистон истеъфо дода буд. Гуфта мешавад, ки ширкат барои вориди бзори мухобиротии Ӯзбакистон шудан ба духтари раисиҷумҳур Гулнора Каримова даҳҳо миллион доллар пора додааст.
XS
SM
MD
LG