Пайвандҳои дастрасӣ

Райан Гигз аз Раул Гонсалес пеш гузашт


Ниммуҳофизатгари дастаи “Манчестер Юнайтед” Райан Гигз бозингаре шуд, ки аз ҳама бештар дар бозиҳои Лигаи чемпионҳои УЕФА - Федератсиони футболи Аврупо ширкат кардааст. Вохурии шоми 2 октябр бо дастаи “Шахтер”-и шаҳри Донетски Украина 145-умин бозии Гигз дар ин сабқати бонуфузи аврупоӣ буд ва ӯ аз футболбози собиқи дастаи “Реал”-и Мадрид Раул Гонсалез пеш гузашт. Раул дар Лигаи чемпионҳо 142 бозӣ кардааст.

Нахустин бозии Райан Гигз дар ҳайати "Манчестер Юнайтед" моҳи марти соли 1991 ва аввалин бозияш дар Лигаи чемпионҳо моҳи сентябри соли 1993 сурат гирифта буд. То имрӯз ӯ ду бор Ҷоми Лигаи чемпионҳоро болои сар бардоштааст.
XS
SM
MD
LG