Пайвандҳои дастрасӣ

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев ҳайати тими миллии кишварро ба бозии дӯстона бо мунтахаби Қирғизистон эълон кард.

Ин бозии дӯстона 15-уми октябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад. Мӯҳсин Муҳаммадиев рӯзи 3-юми октябр дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ чунин гуфт:


«Ба ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон , ки рӯзи 7-уми октябр дар урдугоҳи Алмосии ноҳияи Ҳисор шурӯъ шуда, як ҳафта идома меёбад, 24 футболбозро даъват намудем. Дар байни онҳо бисёр бозигароне, ба мисли ҳамлагар Мирзобек Мирзоев ва ҳимоятгар Идибек Ҳабибуллоев, ҳарду аз дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, нимҳимоятгар Бахтиёр Ҳасанов аз тими «Равшан»-и Кӯлоб ва нимҳимоятгар Илҳом Баротов аз бошгоҳи «Истаравшан»-и Истаравшан ҳастанд, ки барои аввалин бор ба тими миллӣ ҷалб шудаанд. Мо, инчунин, се легионерро даъват кардаем. Мутаассифона, яке аз онҳо Давронҷон Мӯҳсин Муҳаммадиев.

Мӯҳсин Муҳаммадиев.

Эргашев, ки дар бошгоҳи футболи “Жетису”-и Талдиқӯрғони Қазоқистон бозӣ мекунад, каме лат хӯрдааст, вале бо вуҷуди ин аз ӯ хоҳиш намудем, ки ба Тоҷикистон ояд. Ҳамчунин Соҳиб Саванқулов аз Озарбойҷон меояд. Фарҳод Восиев, ки ҳоло дар бошгоҳи русиягии “Газовик” бозӣ мекунад, ду рӯз баъд бозӣ дорад. Мо бори дигар бо ӯ дар тамос мешавем ва дар бораи омаданаш ба ин бозӣ гуфтугӯ хоҳем кард. Мекӯшем, ки вай ба ин бозӣ биёяд. Ман якчанд бозиро бо ширкати мунтахаби Қирғизистон тамошо карда, нақшаи омодагиро ба бозии дӯстона бо ин даста тартиб додам.”

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон :
дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Равшан»);
ҳимоятгарон: Соҳиб Саванқулов («Равон», Озарбойҷон), Фарҳод Восиев («Газовик», Русия), Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Далерҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Алексей Неъматов (ҳарсе – «Равшан»), Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов, Эраҷ Раҷабов, Аҳтам Назаров (ҳарчор – «Истиқлол»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»);
нимҳимоятгарон: Илҳом Баротов («Истаравшан»), Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Иброҳим Рабимов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳама – «Истиқлол»), Бахтиёр Ҳасанов («Равшан»);
ҳамлагарон: Мирзобек Мирзоев («Хайр»), Фарҳод Тоҳиров («Истаравшан»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»).

Довари 38-солаи FIFA Анатолий Вишниченко аз шаҳри Қӯстаной, ки бозиҳои премйер-лигаи Қазоқистонро аз соли 2008-ум доварӣ мекунад, сардовари бозии дӯстонаи Қирғизистону Тоҷикистон таъин шудааст. Ёваронаш Серик Жаппасбоеви 40-сола (Қизилӯрда) ва Самад Тергеусизови 28-сола (Алмаато) мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG