Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Ҷоми хотираи Султон Мирзоев дар Душанбе


Имрӯз, 3-юми октябр, дар шаҳри Душанбе маросими кушоиши мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми хотираи Султон Мирзоев, футболбози маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик, баргузор шуд.

Ташкилкунандагони мусобиқа Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи кишвар мебошанд. Мусобиқа таҳти сарпарастии Бунёди рушди варзиши ба номи Султон Мирзоев, ки ба он писари шодравон, мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Газпромнефт-Тоҷикистон” Фарҳод Мирзоев раҳбарӣ мекунад, доир шудааст.

Мусобиқа миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Султон Мирзоев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00
Линки мустақим

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷараён дорад, футболбозони навраси солҳои таваллудашон 1997-1998 аз вилояти Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ, инчунин, дастаи Қарғизистон (вилояти Ӯш) иштирок доранд.
Шаш дастаи ширкаткунандаи мусобиқа ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони бозиҳои нимфиналӣ дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 7-уми октябр – дар зодрӯзи Султон Мирзоев баргузор мешавад, барои Ҷом мубориза мебаранд. Қабл аз бозии ниҳоӣ дастаҳои дар нимфинал мағлубшуда барои ҷойи севум талош хоҳанд кард.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ барои Ҷоми хотираи Султон Мирзоев барои бори понздаҳум баргузор шудааст. Ҳадафи ин мусобиқа рушди футбол миёни наврасон, дарёфти футболбозони моҳир ва ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони кишвар шомил кардани онҳо мебошад. Умедворем, ки дар оянда аз байни онҳо ба мисли шодравон Султон Мирзоев, собиқ бозигари дастаҳои машҳури “Помир”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа, футболбозони моҳир ба камол мерасанд”.

Дар рӯзи аввали мусобиқа дастаи Хатлон-2 (ноҳияи Восеъ) бар тими шаҳру навоҳии тобеи марказ (ноҳияи Рӯдакӣ) бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Дар бозии дувум дастаи Душанбе-1 бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Рӯзи 4-уми октябр дастаҳои Душанбе-2 – шаҳру навоҳии тобеи марказ ва Душанбе-1 – ВМКБ (Ишкошим), рӯзи 5-уми октябр тимҳои Душанбе-2 – Хатлон-2 ва Қирғизистон – ВМКБ рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG