Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се корманди созмони хайрияро озод карданд


Раҳбар ва ду корманди созмони хайрияи «Дасти ёрӣ», ки ба ҳангоми гузаштани кортежи раиси ҷумҳур боздошт шуда буданд, пас аз сипарӣ кардани панҷ рӯзи боздошт, раҳо шуданд. Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин Комил Арешов, раҳбари созмони "Дасти ёрӣ" ва ҳамкорони ӯ Комрон Асозода ва Тоҳир Холов субҳи имрӯз раҳо шуданд. Онҳо дар боздоштгоҳи муваққатии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт нигаҳдорӣ мешуданд. Ин се ҷавон ба он айбдор мешуданд, ки мошини худро қабл аз гузаштани корвони мошинҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз кӯчаҳои маркази Душанбе нигоҳ доштаанд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 28 сентябр онҳоро ба мӯҳлати 5 шабонарӯз маҳкум ба ҳабси маъмурӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG