Пайвандҳои дастрасӣ

Саъйи Обама барои аз сар гирифтани кори ҳукумат


Бино ба гузоришҳо, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе бо раҳбарони конгресс мулоқот хоҳад кард ва аз онҳо хоҳад хост, ки иҷоза диҳанд, кори маъмулии ҳукумат аз сар гирифта шавад. Манобеъе дар Кохи Сафед ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки Барак Обама аз вакилони мардумӣ хоҳад хост, барои аз сар гирифтани кори ниҳодҳои давлатӣ қарори “комилеро” тасвиб кунанд ва ҳеҷ гуна санадеро намепазирад, ки фаъолияти қисме аз сохторҳои давлатиро иҷоза диҳанд. Бинобар қабул нашудани тарҳи буҷаи соли оянда, аз рӯзи душанбе кори бисёре аз ниҳодҳои давлатии Амрико боздошта шуд. Барак Обама, ҳамчунин ба Конгресс хоҳад гуфт, ки сақфи қарзи давлатии Амрикоро, ки 16.7 триллион долларро ташкил медиҳад, боло барад, вагарна ҳукумати Иёлоти Муттаҳида то миёнаҳои моҳи октябр барои пардохти ҳисобҳои ҷории худ пул нахоҳад ёфт. Агар чунин шавад, ҳукумати Амрико бори аввал дар таърихи мавҷудияти худ муфлис ва ё варшикаста хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG