Пайвандҳои дастрасӣ

Русия 13 узви Гринписро ба роҳзанӣ муттаҳам кард


Муфаттишони рус дар шаҳри Мурмански Русия 13 узви созмони муҳитизистии Гринпис ва як аксбардори ҳамроҳи онҳоро ба роҳзанӣ муттаҳам карданд. Ин фаъолони покизагии муҳити зист аз Аргентина, Бразилия, Бритониё, Финландия, Ҳолланду Русия, Шветсия ва Украина ҳастанд. Михайил Крейндлин, вакили дифоъи Гринпис, ин иттиҳомро беасосу ғайриқонунӣ хонд. Ӯ гуфт: "Мо комилан мутмаинем, ки муфаттишон ҳеҷ далеле барои муттаҳам кардани фаъолони Гринпис ба роҳзанӣ надоранд ва нахоҳанд дошт. Барои ҳамин мо аз амалкарди онҳо шикоят хоҳем кард." Дар сурати собит шудани иттиҳом мумкин аст, аъзои Гринписро дар Русия ба 15 соли зиндон маҳкум кунанд. Қарор аст, алайҳи аъзои дигари созмон ҳам ба зудӣ иттиҳом эълон кунанд. Посбонҳои Баҳрии Русия моҳи сентябр 30 узви Гринписро бо киштиашон дар обҳои Арктика дастгир карданд. Ин тарафдорони покизагии муҳити зист мехостанд, ба нишони эътироз ба як манораи нафткашии Русия дар Арктика бароянд.
XS
SM
MD
LG