Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз тазоҳурот дар Киев иҷлоси Шӯрои шаҳрӣ оғоз шуд


Тазоҳуроти эътироӣ дар назди Шӯрои шаҳрӣ
Тазоҳуроти эътироӣ дар назди Шӯрои шаҳрӣ
Баъд аз доманаи бештар пайдо кардани тазоҳуроти эътирозӣ дар шаҳри Киев Шӯрои шаҳрӣ иҷлоси худро оғоз кардааст. Рӯзи чаҳоршанбе даҳҳо нафар намояндагони мухолифон дар порламон талош кардаанд дохили бинои Шӯрои шаҳрӣ шаванд, дар ҳоле, ки атрофи ин биноро кормандони пулис ва амният печонида гирифтаанд.

Тақрибан 500 нафар кормандони пулисро дар атрофи ин бино ҷо ба ҷо кардаанд, то онҳо амнияти иҷлосро таъмин намоянд. Садҳо нафар эътирозгарон дар назди бино шиор медиҳанд: “Нест бод Шӯро!”

Намояндагони мухолифон дар Шӯро чанд моҳ намегузоштанд, ки ин иҷлос баргузор шавад. Онҳо тақозо мекунанд, ки соли ҷорӣ интихоботи Шӯрои шаҳрӣ ва ва шаҳрдории Киев баргузор гардад. Интихоботи Шӯрои шаҳрӣ соли 2008 баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG