Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Доғистон дар се ҳодиса 4 корманди пулис кушта шуданд


Дар ҷумҳурии Доғистони Русия дар се ҳодисаи алоҳида 4 корманди пулис ба қатл расонда шудаанд. Рӯзи чаҳоршанбе вазорати дохилаи Доғистон гуфт, ки ҳамлагарони номаълум шоми сешанбе дар ноҳияи Хасавюрт дар қаҳвахонаи канори роҳ ин афсаронро паррондаанд. Афсарон баъд аз хатми кор ба ин қаҳвахона рафтаанд.

Ҳамон рӯз дар ноҳияи ҳамсоя дар Қизилюрт як шахси номаълум корманди пулисро, ки дар бахши сагҳои бӯгир кор мекард ва дар роҳ ба сӯи хона буд, ҳадафи тир қарор дод.

Бино ба гуфтаи мақомоти расмии пулис, ду корманди пулис ва як ғайринизомӣ дар ноҳияи Левашии Доғистон дар тирандозӣ бо тундравҳои эхҳтимолӣ кушта шудаанд. Тундравҳо дар ин ҷумҳурӣ зуд-зуд кормандони пулис ва мақомоти маҳаллиро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG