Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи як соҳибкори озарӣ дар Душанбе


Як тоҷири озарбойҷонӣ дар Душанбе дар шароити мармуз ба ҳалокат расидааст.
Самир Аҳмадӣ, сухангӯи сафорати Озарбойҷон дар Душанбе мегӯяд, Самад Содиқов, ки ба тиҷорат машғул буд, аз маризии захми ҷигар фавтидааст. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъе, ки аз Озарбойҷон дастраси мо шуд, Самад Содиқов гӯё аз мухолифини ҳукумати ин кишвар буд. Бино ба ин манобеъ, ҳоло наздикони Самад Содиқов ба Душанбе омадаанд, то ҷанозаи ӯро ба Озарбойҷон интиқол диҳанд. Мақомоти Тоҷикистон дар тамос бо Озодӣ аз чунин як ҳодиса изҳори беиттилоотӣ карданд. Сафорати Озарбойҷон низ мегӯяд, бештар аз ин дар бораи Самад Содиқов иттилое надорад.
XS
SM
MD
LG