Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз истифодаи шиканҷа дар Либия нигарон аст


Дар Либия тақрибан ҳашт ҳазор нафари муттаҳам дар пуштибонӣ аз режими раҳбари пешин Муаммар Қаззофӣ бидуни баррасии додгоҳӣ дар маҳбасҳо нигаҳ дошта мешаванд. Ба ин нукта дар гузориши таҳиякардаи Идораи СММ дар умури ҳуқуқи башар таъкид шудааст.

Дар ин санад ба истифодаи шиканҷа дар маҳбасҳо ҳам ишора шудааст. Гуфта мешавад, ки аз поёни соли 2011 ба ин сӯ 27 нафар бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд. Ба навиштаи муаллифон, муфаттишон ва кормандони полис асосан баъд аз боздошт ва рӯзҳои аввали бозпурсии гумонбарон ба хотири эътирофи гуноҳ ва дарёфти иттилоъ аз шиканҷа кор мегиранд.

Раҳбари Идораи ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пиллай баъд аз нашри гузориш гуфт, ки истифодаи шиканҷа дар ягон ҳолат қобили қабул нест.

Мақомоти Либия ҳанӯз гузориши коршиносони Созмони Милалро шарҳ надодаанд.

Раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ моҳи октябри соли 2011 кушта шуд.
XS
SM
MD
LG