Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дусад ҳазор муҳоҷири молдавӣ аз Русия ихроҷ мешаванд


Тақрибан 200 ҳазор шаҳрвандони Молдавия аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум хоҳанд шуд. Нашрияи Коммерсант, чопи Маскав, бо такя ба иттилои Хадамоти федеролии муҳоҷират навиштааст, гап сари онҳое меравад, ки қавонини муҳоҷирати Русияро поймол кардаанд. Ба гуфтаи сухангӯи Хадамоти федеролии муҳоҷират Залина Корнилова, ҳангоми хуруҷ аз Русия дар шиносномаҳои ин афрод қайди махсус гузошта мешавад.

Иттилоъ дар бораи ихроҷи теъдоди бузурги шаҳрванди Молдавия аз Русия баъд аз он нашр шуд, ки Кишинёв аз пайвастан ба Иттиҳоди гумрукии Русия, Белорус ва Қазоқистон сарпечӣ кард ва эълом дошт, ки барои имзои созиш дар бораи таъсиси минтақаи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Аврупо омода аст.

Ба иттилои нашрияи Коммерсант, айни ҳол тақрибан 700 ҳазор шаҳрвандони Молдавия дар муҳоҷирати корӣ дар дигар кишвар, асосан дар Русия мебошанд.
XS
SM
MD
LG