Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси “Мавҷи таҳаввул”, ҷунбиши нави сиёсии бонувони Афғонистон, аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқҳои занон гарм истиқбол шуд.

Ҷунбиши нав бо ибтикори вакили парлумон ва яке аз ҳомиёни варзидаи ҳуқуқи занони афғон Фавзия Куфӣ таъсис шудааст ва таҳлилгарон онро чун гоми муҳиме дар роҳи таҳкими дастовардҳои занони афғон дар даҳ соли ахир ва таҳрики онҳо барои нақши муассиртар дар рушди ҷомеъаи шаҳрвандӣ арзёбӣ мекунанд. Аммо бархе аз сиёсатмадорони афғон мутмаинанд, ки ин “Мавҷи таҳаввул” ба хотири интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ташкил шудааст ва он аз сӯи яке аз номзадҳо барои дарёфти пуштибонии бештар дар Афғонистон ва берун аз он истифода мешавад.

Дар маросими муаррифии "Мавҷи таҳаввул" рӯзи 26 сентбяр дар Кобул Фавзия Куфӣ дар ҷамъи садҳо ҷонибдоронаш ваъда дод, ки Афғонистонро аз зулмот берун мекашад ва барои тағйири он талош меварзад. Ӯ афзуд, “мо ба онҳое, ки сари қудратанд ва мехоҳанд, ки боз ҳам аз болои мо ҳукмронӣ кунанд, иҷозаи ширкат дар интихоботро нахоҳем дод”. Фавзия Куфӣ, ки 38 сол дорад ва модари ду фарзанд аст, ҳамчунин гуфт, ҷунбиш алайҳи нақзи ҳуқуқҳои занон ва ҳамзамон барои боло бурдани саҳми бонувон дар маъракаҳои сиёсӣ мубориза мебарад.

Амина Зиё Масъуд, ки аз ҳомиёни ҳуқуқи башар ва духтари Аҳмад Зиё Масъуд, номзади эҳтимолӣ ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон аст, мегӯяд, “Фавзия Куфӣ ҷунбишро ба он хотир таъсис кардааст, ки барои номзадӣ ба мақоми раисиҷумҳур омода аст ва ин роҳи занону духтарони зиёдеро барои дар оянда дар сабқатҳои сиёсӣ ширкат кардан ҳамвор месозад”.

Бар пояи қавонини Афғонистон, номзад ба мақоми раисиҷумҳур бояд ҳадди Фавзия Куфӣ

Фавзия Куфӣ

аққал 40-сола бошад ва ин омил, ба гуфтаи таҳлилгарон, шояд садди роҳи хонум Куфӣ барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии 5 апрели соли 2014 шавад.

Ба Фавзия Куфӣ, ки нахустин зан - муовини раиси парлумони Афғонистон аст, барои дифоъ аз ҳуқуқҳои занон, муборизаи беамонаш бо фасод ва изҳоротҳояш оиди хатари бозгашти Толибон ба ҳукумат дар Афғонистон пайваста таҳдиди марг мекунанд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз сиёсатмадорону таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки “Мавҷи таҳаввул” аз сӯи абармардони сиёсат пуштибонӣ мешавад ва онҳо ин ҷунбишро бо ҳадафҳои сиёсии худ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон истифода хоҳанд бурд.

Валиуллоҳ Раҳмонӣ, раиси Маркази мутолеоти стратегии Кобул мегӯяд, ки Фавзия Куфӣ бо сиёсатмадорони бонуфузи шимоли Афғонистон – Аҳмад Зиё Масъуд, собиқ муовини раисиҷумҳур ва бародари фармондеҳи овозадори тоҷик Аҳмадшоҳи Масъуд, Абдулло Абдулло ва Юнус Қонунӣ робитаи наздик дорад. Хонум Куфӣ ҳам зодаи Бадахшони Афғонистон аст. Ба гуфтаи Раҳмонӣ, агар хонум Куфӣ аз яке аз ин номзадҳо, бигирем, аз Аҳмад Зиё Масъуд пуштибонӣ кунад, пас ин барои созмонҳои берун аз Афғонистон паёме хоҳад буд, ки Масъуд аз ҳуқуқи башар, ба вижа, ҳуқуқҳои занон дифоъ мекунад.

Худи Аҳмад Зиё Масъуд дар маросими таъсиси “Мавҷи таҳаввул” аз Фавзия Куфӣ ситоиш кард ва гуфт, ки Афғонистон ба дигаргуниҳои ҷиддӣ ниёз дорад. Ӯ ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки Афғонистон "ба мушкили қавмгароӣ мувоҷеҳ аст ва саҳнаи сиёсат ба саҳнаи садоқат аз рӯи мансубият ба қавму қабила табдил шудааст”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG