Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили марзӣ "Иркутсккабел"-ро аз бозори Тоҷикистон ронд


Ширкати қибрисии Dolen Investments Limited, молики кулли саҳмияҳои «Иркутсккабел», яке аз бузургтарин корхонаҳои тавлиди ноқили Русия, эълон кард, ки намояндагиаш дар Душанберо барҳам медиҳад.

Алишер Қулдошев, роҳбари намояндагии «Иркутсккабел» дар Душанбе ба хабаргузории «Интерфакс» гуфтааст, ҳаҷми фурӯши маҳсулоти ин ширкат дар Тоҷикистон назар ба соли 2008, ки ин намояндагӣ боз шуд, 4 маротиба коҳиш ёфтааст. Қулдошев ин уфтро ба «муҳосираи ғайрирасмӣ»-и Узбакистон рабт додааст, ки ба гуфтаи ӯ, дар роҳи воридоти маҳсулоти электротехникӣ ба Тоҷикистон монеа эҷод мекунад.

Алишер Қулдошев гуфтааст, роҳи оҳани Узбакистон ҳеҷ гуна маҳсулоти электротехникиро ба Тоҷикистон иҷозаи вуруд намедиҳад. «Ин пеш аз ҳама ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун бастагӣ дорад,»- афзудааст ӯ.

Қаблан чандин ширкати эронӣ шикоят карда буданд, ки мақомоти Узбакистон дар роҳи транзити молу колои онҳо ба Тоҷикистон ба ҳамин далели ҷилавгирӣ аз интиқоли маҳсулоти лозим барои сохтмони Роғун монеа эҷод карда ва дар чандин маврид маҳсулоти онҳоро мусодира кардаанд.
XS
SM
MD
LG