Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Украина хидмати ҳатмии сарбозӣ хотима меёбад


Украина бори охир аст, ки ҷавононро ба хидмати ҳатмии низомӣ даъват мекунад. Вазорати дифоъи Украина гуфт, ки баъди мавсими тирамоҳии даъвати имсола, сар аз соли оянда хидмат дар сафи артиш қарордодӣ хоҳад буд. Дар мавсими имсолаи даъват, ки аз моҳи октябр то ноябр идома мекунад, 10 ҳазору 800 нафар ба сафи артиши Украина ҷалб мешаванд, ки 2500 сарбоз камтар аз соли гузашта аст. Украина бо 180 ҳазор сарбозаш панҷумин артиши бузург дар Аврупоро дорад ва мехоҳад, то соли 2017 теъдоди онҳоро то 122 ҳазор нафар кам кунад. Дар Украина ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳатман бояд як сол дар сафи артиш ва ё якуним сол дар сафи нерӯҳои баҳрӣ хидмат кунанд.
XS
SM
MD
LG