Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони узбак аз Ӯш хориҷ мешаванд


Интизор меравад, имрӯз марзбонони узбак аз як минтақаи баҳсбарангези сарҳадӣ аз вилояти Ҷалолободи Қирғизистон берун шаванд. Токон Мамитов, муовини нахуствазир ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки сарҳадбонони узбак ба барчидани нишеманҳояшон, ки чанде пеш дар ноҳияи Ақсу сохта буданд, шурӯъ хоҳанд кард. Мақомоти Узбакистону Қирғизистон рӯзи душанбе дар вилояти Ӯш ба мувофиқа расиданд, ки марзбонҳои узбак аз ин маҳал хориҷ шаванд. Посбонони сарҳади Узбакистон аввали моҳи сентябр дар маҳалли як мавҷгири ширкати "Қирғизтелеком" нишеман заданд. Узбакистону Қирғизистон 1000 километр марзи муштарак доранд ва 300 километри он то ҳол тақсиму аломатгузорӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG