Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се дипломати Амрикоро аз Венесуэла ихроҷ карданд


Ҳукумати Венесуэла Кейлӣ Кейдерлинг, кордори сафорат ва ду дипломати дигари амрикоиро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо мухолифони давлат ва талош барои эҷоди ноамнӣ, аз он кишвар ихроҷ кард. Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла, зимни суханронӣ аз тариқи телевизиоӣ гуфт, дипломатҳои Амрико бояд то 48 соати дигар Каракасро тарк кунанд. Ба қавли Николас Мадуро, мақомоти расмӣ «гурӯҳеро аз кормандони сафорати Амрикоро фош карданд, ки мақсад доштанд, бо гурӯҳҳои ростгаро мулоқот карда ва онҳоро барои харобкорӣ дар шабакаҳои барқӣ ва иқтисоди Венесуела ташвиқ ва сармоягузорӣ кунанд.» Мунтақидон мегӯянд, ҳукумати Венесуэла аз ин роҳ мехоҳад, нокоромадии худро пинҳон кунад. Амрикову Венесуэла баъди бад шудани муносиботашон дар соли 2010, то кунун дар пойтахтҳои ҳамдигар сафир надоранд.
XS
SM
MD
LG