Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медали биринҷии қаиқрони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё


Шаҳриёр Даминов (аз рост) ҳамроҳи устодаш Нодир Сафаров (аз чап)

Шаҳриёр Даминов (аз рост) ҳамроҳи устодаш Нодир Сафаров (аз чап)

Шаҳриёр Даминов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар шаҳри Самарқанд медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин мусобиқоти қитъавӣ, ки барои бори 15-ум баргузор шуд, ҳудуди 500 варзишгар аз 22 кишвар ширкат доштанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбакистон бо касби 15 медали тилло, 15 нуқра ва 15 нишони биринҷӣ ғолиб шуд.

Мунтахаби Қазоқистон дар ҷойи дувум ва тими Эрон дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Бояд гуфт, ки варзишгарони 8 кишвар соҳибони медалҳои мусобиқот шуданд, ки Тоҷикистон ба қатори онҳо шомил гашт.

Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро 13 варзишгар, 1 довар ва 3 мураббӣ намояндагӣ карданд. Шаҳриёр Даминов дар каноэи яккаса ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 00:43.989 мақоми севумро соҳиб шуд. Сергей Емелянов аз Қазоқистон бо натиҷаи 00:40.648 мақоми аввал ва Элёр Мамадалиев аз Узбакистон бо натиҷаи 00:42.165 мақоми севумро гирифтанд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Нодир Сафаров, мураббии дастаи мунтахаби қаиқронони Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, “ин охирин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола барои қаиқронони тоҷик буд. Бояд гуфт, ки медали ба даст овардаи Шаҳриёр Даминов нахустин медали қаиқронони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба шумор меравад.”

Нодир Сафаров, ки дар ин мусобиқот ба ҳайси довар ширкат дошт, меъёрҳои муқарраршудаи довари дараҷаи байналмилалиро ба ҷо овард ва барои гирифтани ин унвон ӯ ба комиссияи Федератсияи байналмилалии қаиқронӣ пешниҳод шуд.
Дар доираи ин мусобиқот, инчунин, дар шаҳри Самарқанд кунгураи XVI Конфедератсияи қаиқронии Осиё барпо гардид. Дар ин кунгура Масанори Нарита аз Ҷопон боз раиси ин созмони қитъавӣ интихоб шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG