Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 4 африқоӣ дар Душанбе барои таҳияи асъори қалбакӣ


Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 4 африқоитаборро боздошт кардааст, ки ба таҳия ва фурӯши асъори хориҷӣ машғул будаанд.

Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи ин ниҳод мегӯяд, инҳо асосан асосан шаҳрвандони кишвари Камерун мебошанд, ки ба қаллобӣ ва таҳияи асъори қалбакӣ машғул буданд.

Вай афзуд, ки дар таърихи 25-уми август кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣии Тоҷикистон Диего Эрик Силвиан, соли таваллудаш 1979 ва Нанго Нгуно Криштиан Симплес, соли таваллудаш 1978, зодагони шаҳри Яундеи Камерунро дар шаҳри Душанбе боздошт карданд, ки дар пойтахт ва шаҳри Хуҷанд худро Бентон ва Криштиано, шаҳрвандони Фаронса муаррифӣ карда, чанд сокини кишварро барои таҳияи 1 то 2 миллион доллари амрикоӣ истихдом карда буданд.

Вай афзуд, шаҳрвандони Камерун бо истифода аз доруворӣ ва коғазҳои махсус ва технологияи муосир аз 1 адад доллари ҳақиқӣ ду адад омода мекардаанд ва онҳо замоне боздошт шуданд, ки мехостанд як сокини Душанберо бо 50 ҳазор доллари қалбакӣ фиреб диҳанд.

Сухангӯи КДАМ мегӯяд, аз ин пештар Чанде Зегнанте Буереке Чандри Патре, шаҳрванди дигари Камерун ва Диало Алҳасан, шаҳрванди Гвинеяро низ дар Душанбе бо иттиҳоми таҳияи доллар ва еврои қалбакӣ боздошт кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, боздоштшудагон аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моддаи 36, қисми 2 – ширкат дар ҷиноят ва 247 – қаллобӣ муттаҳам мешаванд.

Нозирҷон Бӯриев бо ишора ба «идораҳои дахлдори Тоҷикистон» афзуд, ки ҳангоми судури раводид ба нафароне, ки дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор доранд, бояд тартибу қоидаи қабули санадҳои меъёриро риоя намоянд.
Масъулияти судури раводид ба шаҳрвандони хориҷиро сафоратҳо ва Раёсати консулии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба зимма дорад.
XS
SM
MD
LG